346.41K
Категория: ИсторияИстория

Осорхонаи Миллӣ

1.

ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
ЗОКИРОВА АНОРА

2.

Муассисаи давлатии Осорхонаи миллии Тоҷикистон
тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз
таърихи 27.07.2011, №1094 таъсис ёфтааст
Дар Осорхонаи милии Тоҷикистон барои
тамошобинон чор шуъбаи экспозитсионӣ: шуъбаи
табиат, шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна,
шуъбаи таърихи нав ва навтарин, шуъбаи санъати
тасвирӣ ва амалӣ фаъолият менамоянд.

3.

Шуъбаи табиат дар зербинои Осорхона ҷойгир
буда, ба тамошобинон оид ба олами ҳайвоноту
растаниҳо, иқлим, ҳудудҳои табиии махсус
муҳофизатшаванда, мамнуъгоҳҳо ва
парваришгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот
медиҳад. Дар шуъбаи табиат толори махсуси
геологӣ фаъолият менамояд, ки дар он намунаи
сангҳои қимматбаҳои конҳои ҳудуди кишвар,
пайдоиши ҳаёт дар рӯи замин, гӯшаи
палеонтология (организмҳои сангшуда) барои
тамошо гузошта шудаанд. Дар маркази толори
зикршуда дарахти маснуие мавҷуд аст, ки аз
сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон сохта шудааст

4.

Шуъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёна яке аз
шуъбаҳои калонтарин дар Осорхонаи миллии
Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он дар ошёнаҳои
якум ва дуюми осорхона ҷойгир шудааст. Дар ошёнаи
якум намоиши шуъба аз харитаи ёдгориҳои таърихии
Тоҷикистон оғоз меёбад. Ҳамзамон ёдгориҳои
толорҳои намоишии ин ошёна оид ба бозёфтҳои
мансуби асри санг дар Тоҷикистон, деҳшаҳри Саразм,
фарҳанги зардуштӣ, императории Ҳахоманишҳо,
давлатдории замони юнону бохтариҳо, Кушониҳо,
Сосониён, Ҳайтолиён, Панҷакенти қадим маълумот
медиҳанд.

5.

Ошёнаи 2- уми осорхона бо ёдгориҳои
маҳфузмондаи замони Сомониён шурӯъ мешавад,
ки дар толори намоиши мансуби ин давр ёдгориҳои
аз қалъаи Ҳулбук ёфтшуда, намунаҳои сафолгарии
мунаққашу катибадори асри Х, меҳроби чубии
Искодар, кандакории болочубии болоби Зарафшон,
намунаи матоъпораҳо аз Бозордара, лавозимоти
ҳарбии асрҳои XI-XVI, кошиҳо ва намунаҳои
хушнависии аҷдодони тоҷикон дар санг, зарфҳои
мисӣ, коғаз ба тамошобинон пешниҳод мешавад.

6.

• Толорҳои намоишии шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии осорхона оид ба жанрҳои
гуногуни ин намуди санъат, чун портрет, пейзаж, натюрморт, триптих,
ҳайкалтарошӣ, санъати амалӣ ороишӣ ба тамошобинон маълумот медиҳанд.
Намоишгоҳи шуъбаи мазкур аз маҳсули эҷоди мусаввирони солҳои 1930 асри ХХ
оғоз шуда, давра ба давра рушди ин намуди ҳунарро дар ҷумҳурии Тоҷикистон
инъикос менамоянд
English     Русский Правила