19.01M
Категория: МенеджментМенеджмент

нуҳмоҳа2026охирон

1.

Баромади
Муовини директори генералии Корхонаи давлатии “Заводи протезию
ортопедӣ”- и шаҳри Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва
Хоруғ оид ба натиҷаи фаъолияти корхона дар нуҳмоҳи соли 2026.
Усмоналӣ Латифӣ
Муовини директори генералии КД
«ЗПО»-и ш. Душанбе

2.

Муҳтарам ______________________
Ҳозирини гиромӣ,
ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
ҚОНУН
Корхонаи давлатии «Заводи протезию ортопедӣ» - и шаҳри
Душанбе бо филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ
фаъолияти корӣ ва истеҳсолии худро дар асоси дастуру супоришҳои
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон»,
Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии
аҳолӣ» ва Оиномаи корхона ба роҳ монда, дар семоҳаи якуми соли
2026 ба як қатор натиҷаҳо ноил гардид.
Самтҳои асосии фаъолияти корхона ва филиалҳояш ин таъминоти
маъюбони кишвар ба воситаҳои техникии ёрирасон, тавонбахшии
ҷисмонӣ баъди протезу ортезкунонии онҳо ба шумор меравад.
“Дар бораи ҳифзи иҷтимоии
маъюбон”
№ 675
29.12.2010
ЊУКУМАТИ ЉУМЊУРИИ ТОЉИКИСТОН
ҚАРОР
“Дар бораи тасдиқи
“Қоидаҳои бо воситаҳои техникии
тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон””
№ 604
3.12.2011

3.

Ҳозирини арҷманд,
Бояд зикр намуд, ки иҷрои нақшаи
истеҳсолии Корхона дар нуҳмоҳи соли 2026 105 фоиз иҷро гаштааст, яъне ба маблағи 9
млн. 123 ҳазору 556 сомонӣ маҳсулот истеҳсол
карда шудааст, ки ин мутаносибан ба ҳамин
давраи соли 2025 дар маҷмуъ 15 фоиз зиёд
буда, дар муқоиса ба маблағи 1 млн. 178 ҳазору
163 сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, дар нуҳмоҳи соли 2026 ба
Корхонаи
давлатии
“Заводи
протезию
ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе 10 ҳазору 731
нафар маъюбону ниёзмандон муроҷиат
намуданд,
ки
аз
ин
миқдор
1802
нафаррашонро кӯдакони то сини 16-сола
ташкил медиҳад.

4.

5.

Ҳамзамон, ба маъюбон ба миқдори 11 551 адад, аз ҷумла 3 741 адад воситаҳои ёрирасони техникӣ ва 7
810 адад воситаҳои протезию ортопедӣ дастрас гардонида шуд. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2025 аз
ҷониби корхона ба маъюбон ба миқдори 9563 адад, аз ҷумла (1918 адад воситаҳои ёрирасони техникӣ ва 7645
адад воситаҳои протезию ортопедӣ дастрас гардонида шуд буд.
Инчунин, ба 742 нафар маъюбон дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2015,
№ 448 банди 2, зербанди в, г бо се вақт хӯроки гарм таъмин гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми корҳои истеҳсолӣ ва хизматрасониҳо дар умум аз тарафи филиалҳои
Корхона ба маблағи 3 102 044 сомонӣ, яъне дар ҳаҷми 97 фоиз иҷро гардидааст ва дар муқоиса ба ҳамин
давраи соли гузашта ба маблағи 464723 сомонӣ ё ин, ки 18 фоиз зиёд мебошад.

6.

Қобили зикр аст, ки дар
Корхонаи
давлатии
“Заводи
протозию
ортопедӣ”-и
шаҳри
Душанбе ба ҳолати 1 сентябри
соли 2026 дар анбори корхона 357
адад аробачаи маъюбӣ ҳамчун
захира мавҷуд буд ва дар асоси
фармоишҳои вазорат ва мактубҳои
фардӣ ба ҳолати 1 октябри соли
2026, ба миқдори 17 адад аробачаи
маъюбӣ тақсим гадид. Айни замон,
дар анбори корхона ба миқдори
340 адад аробачаҳои маъюбӣ боқи
мондааст.
Аз 340 адад аробачаи
маъюбӣ
5
адад
аробачаҳои
кӯдакона мебошад. Яъне, ба ҳолати
1 октябри соли 2026, дар анбори

7.

Бо мақсади иҷрои банди 7 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалишавии
Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоӣ барои то соли 2040 Корхонаи давлатии
“Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе кушиш ба харҷ дода, номгӯи
воситаҳои техникии тавонбахшии ватаниро зиёд намуда истодааст. Дар ин
радиф, корҳо оид ба роҳ мондани истеҳсолоти 5 адад маҳсулоте, ки аз хориҷи
кишвар ворид карда мешавад, рафта истодаанд.

8.

Ҳамкорони азиз,
Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарияти корхона барои дарёфт намудани
донорҳо ҷиҳати дастрас намудани дастгоҳҳои истеҳсолии нави замонавӣ ва ҳалли
масъалаи «Азнавсозии Корхонаи давлатии Заводи протезию ортопедӣ»-и шаҳри
Душанбе ҳамчун субъекти ҳайётан муҳим барои маъюбон ва эҳтиёҷмандон ва таъмир
намудани бом, дару тиреза ва тармим намудани хобгоҳи мардона ва занона бо
шарикони рушд ҳамкориро ба роҳ мондааст. Барои дарёфти донорҳо дар ҳалли
масъалаи зикргардида роҳбарияти корхона бо якқатор намояндагони ташкилотҳои
хориҷӣ вохӯрӣ анҷом дода, масъалаҳои мазкурро бо он ҷонибҳо мавриди баррасӣ ва
муҳокима қарор доданд.
Дар ин росто, роҳбарияти корхона бо намояндагони ЗЕ ЧУРЧ ОФ ҶЕСУС
вохӯрӣ анҷом дода, пешниҳод намуд, ки якқатор дастгоҳҳои истеҳсолии фарсудашуда
дар корхона бояд иваз карда шаванд. Он ҷониб пешниҳодҳои кардашударо пазируфта,
хоҳиш намуданд, ки аз ҷониби се ширкати ватанӣ барои дастрас намудани дастгоҳҳои
истеҳсолӣ пешниҳодҳои тиҷоратӣ манзур карда шавад. Айни замон, таҷҳизоти
интихобшуда харидорӣ карда шуда, рӯзҳои наздик ба корхона мерасад.

9.

Санаи 29 сентябри соли 2026 директори
генералии Корхона бо ҷаноби Муҳаммад Рошид АлАмирӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати
Кувайт дар Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ
дар самти протез ва ортезкунонии маъюбон, ҷалби
сармоя, тақвияти заминаи моддию техникии корхона,
беҳтар намудани хизматрасонии физиотерапевтӣ, иваз
намудани дастгоҳҳои фарсудашуда, муҳайё ва хубтар
намудани шароити кории кормандон тавассути
сохтмони бинои нави истеҳсолиро мавриди баррасӣ ва
муҳокима қарор доданд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаи
таъмиру тармими бом ва иваз намудани тирезаҳои
бинои маъмурият, хобгоҳи мардона ва занона, ки
фарсуда шудаанд ва зимни боридани борон рупӯши он
мечакад, матраҳ намуда, он ҷониб омодагии худро
барои таъмир ва тармими он изҳор намуд.
Ҳамзамон, ҷониби кувайтӣ барои пайдо намудани
донорҳои кувайтӣ ҷиҳати сохтмони бинои нав ва иваз
намудани дастгоҳҳои фарсудашуда розигӣ дод.
Қобили зикр аст, ки дар Корхонаи давлатии
“Заводи протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе бо
филиалҳояш дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Хоруғ
тибқи басти воҳидҳои корӣ 111 нафар корманд кор ва

10.

Ҳозирини гиромӣ,
Қобили зикр аст, ки дар корхона шанбегиҳо ба таври доимӣ гузаронида шуда,
тибқи нақша тоза кардани ҳавзи об, ҷуйборҳо ва тоза кардани ҷойҳои кории худ, рангу
бор кардани дарвоза ва панҷараҳо, иваз кардани шиору овеза ва дигар корҳо
гузаронида шуданд. Дар ин бора ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
ҳисобот манзур карда шуд.
Масъалаи тартибу интизом, техникаи бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва сифати
маҳсулоти истеҳсолшаванда зери назорати ҷиддӣ қарор дошта, ҷиҳати муносибати хуб
кардан бо маъюбон ва муроҷиаткунандагон, мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ бо
кормандон гузаронида мешаванд.
Дар охир шуморо бовар кунонданӣ ҳастам, ки Корхонаи давлатии “Заводи
протезию ортопедӣ”-и шаҳри Душанбе минбаъд ҳам баҳри татбиқи амалии дастуру
супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин намуда, барои беҳтар намудани
хизматрасонӣ ба маъюбон ва ниёзмандон ва хубтар намудани сифати маҳсулот кушиш
ба харҷ хоҳад дод.

11.

Ташаккур ба
таваҷҷуҳатон !
English     Русский Правила